Дар вилояти Хатлон  48 шаҳрванди хориҷӣ, ки аз онҳо24 нафарашон шаҳрвандони Молдова, 16 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 4 нафар шаҳрвандони Покистон, 2 нафар шаҳрвандони Эрон ва 2 нафар шаҳрвандони Арманистон мебошанд, барои будубоши ғайриқонунӣ нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ба маблағи 67,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур ба “Фараж” гуфт, ки давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандони масъули Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 48 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардидааст, ки 36 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм зиёд аст.

“Нисбати 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо моддаи  138 қисми 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.”,-гуфт ӯ ва афзуд, ки аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ  67 ҳазору 480 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудаст, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 51 ҳазору 480 сомонӣ бештар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь