Дар доираи баргузории ҷашнвораи “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот” 21 зан аз Хатлон ба гирифтани гранти раиси вилоят  ба маблағи аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ мушарраф шудданд.

Дар  Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ҷашнвораи “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот” доир гардид, ки дар он  муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ  ва меҳмонону шарикони рушд  ширкат намуданд.  Бахшида ба  фестивали мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар ҳунари  занони вилоят  ба намоиш гузошта шуд. Қабл аз оғоз муовини раиси вилоят ва меҳмонон аз намоиши омоданамудаи бонувони ҳунарманд дидан карданд. Дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамасола тадбирҳои зиёдеро рӯи кор меояд, ки боиси эҳёи дигарбораи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик мегардад. Меҳмонон ва шарикони рушд, ки лоиҳаҳои гуногуни сармоягузориро дар вилоят амалӣ менамоянд, зимни тамошои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули ҳунари кадбонугии занону бонувони хатлонӣ таъкид намуданд, ки имрӯз занон  рисолати худро бо сарбаландӣ ба сомон расонида, дилхоҳ ҳунари қадимаро аз нав эҳё намуда, ба насли имрӯз меомӯзонад.

Баргузории «Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот» дар самти рушди дилхоҳ ҳунари мардумӣ, бунёди коргоҳҳои ҳунаромӯзӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум заминаи воқеӣ фароҳам меорад.  Амалӣ гардидани барномаҳои гуногун дар самти рушди соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки рӯзгори занону бонувони деҳот рӯ ба беҳбудӣ биёрад. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқа ба хотири оянда заминаи воқеӣ фароҳам овард, ки фаъолияти занону бонувон дар самти кишоварзӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, аз замин соле ду ва зиёда ҳосилро ба даст меоранд. Дар миқёси вилоят дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар нақши занону бонувон бараъло эҳсос мегардад. Занон ҳамчун нерӯи бузург дар пешбурди ҷомеа ва рушди соҳибкорӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ дар толори Кохи фарҳангӣ ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ҷамъомад доир гардид. Муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам ёдовар гардид, ки соҳибкорӣ василаи асосии расидан ба ҳадафҳои стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мебошад.

– Имрӯз барои рушди соҳибкорӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.  Сарварии аксар хоҷагиҳои деҳқониро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо грантҳои президентӣ ҷудо гардид, ки ҳамасола 80 грант ба  маблағи 2 миллион сомонӣ таъсис дода мешаванд. То ин муддат соҳибкорзанони вилоят ба маблағи  зиёда аз 4 миллиону 890 ҳазор сомонӣ ғолиби озмуни гранти президентӣ гардида, беш аз 7 ҳазору 600 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд, – изҳор дошт муовини раиси вилоят.

Директори барномаи ЮСАИД дар вилояти Хатлон Винес Марабутто бобати фаъолияти имрӯзаи лоиҳа дар самти кишоварзӣ ва нақши занон ибрози андеша намуд. Дар рафти баргузории  «Фестивали дониш ва навовари барои занони деҳот»  соҳибкорзанон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бобати  рушди фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасии гранти президентӣ ва раиси вилоят ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ метавонад дар самти рушди деҳот мусоидат намуда, занону бонувони деҳот соҳиби ҷои кор ва шуғли доимӣ бошанд. Дигар баромадкунандагон аз ҳисоби занони соҳибкор дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, замбури асалпарвариву мурғпарварӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, заргариву  чаккандӯзӣ, қаннодӣ, омода кардани хушкмева ибрози назар намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ менамуданд, ки соҳиби гранти президентӣ ва раиси вилоят гардиданд ва ҳамкорӣ намудан бо шарикони рушд, амалӣ гардидани лоиҳаҳои гуногун имкон дод, ки занону бонувон нақши худро дар пешбурди ҷомеа гузоранд. Сипас ба 21 зан гранти раиси вилоят  ба маблағи аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят хотири иштирокдорони ҷаншвораро болида гардонд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь