Дар вилояти Хатлон дар соли таҳсили гузашта аз ҷониби ноболиғон 21 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2022-юм 15 ҳолат кам аст. Дар ин бора Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, омилҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон бемории руҳӣ, мушкилоти оилавӣ ва дигар сабабҳо будааст.

Сафарзода иттилоъ дод, ки дар соли 2023-юм миёни ноболиғон 159 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 66 ҳолат кам аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь