Дар вилояти Хатлон аз ҷамъи умумии кӯдакон 86 ҳазору 613 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин 21 дарсадро ташкил медиҳад.

Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати морифи вилояти Хатлон, итттилоъ дод, ки тарбияи томактабӣ дар вилояти Хатлон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, айни замон 166 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 19056 кӯдак фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 1 286  маркази иникшофи кӯдак фаъолият дошта, дар 2 932 гуруҳ  67 557 кӯдаки синни томактабӣ ҷалб шудаанд.

– Фарогирии кӯдакон ҳам дар марказҳои инкишофи кӯдак ва ҳам дар муассисаҳои томактабӣ 86 613 нафаро ташкил медиҳад, ки он баробар ба 21 дарсади нақша мебошад, – илова кард ӯ ва гуфт, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Қубодиён, Шаҳритус, Темурмалик ва Данғара сохтмони муассисаҳои томактабӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь