Соли 2019 ва як моҳи соли 2020-ум 191 нафар корманди нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатон барои бемасъулиятӣ ва лоиқ набудан дар вазифаҳои ишғолнамудаашон аз кор озод шуданд.
Муовини сардори нозироти андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солеҳзода ин рақамро имрӯз дар нишасти матбуотӣ расонаӣ кард.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки соли рафта 6 нафар корманди нозироти андози шаҳру ноҳияҳо барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз кор озод шуданд.
– Барои саривақт иҷро накардани нақшаи андоз ва бемасъулиятӣ нуҳ нафар сардори нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз вазифаҳои хизматиашон озод карда шуданд, – гуфт сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андоз дар вилояти Хатлон Рухшона Шириналиева.
Ба гуфти ӯ, сардорони нозироти андози аз вазифа рондашуда аз шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ёвон, Вахш, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошанд.