Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 19 ҳазору 386 нафар сокини вилояти Хатлон бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд, ки чанде аз онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Баҳодур Азиззода гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 31 ҳазору 699 нафар шахси бекор муроҷиат карда, аз ин 27 ҳазору 475 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 643 нафар зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз афроди ба қайдгирифташуда 12 ҳазору 889 нафарро занон ташкил медиҳанд.

– Аз шумораи шахсони ба қайдгирифташуда 19 ҳазору 386 нафар бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд, – илова кард ӯ.

Тибқи маълумоте, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  дасраси  ниҳоди мазкур гардидааст, ҳоло дар  шаҳру ноҳияҳо  2,6 ҳазор ҷойи кории холӣ мавҷуд аст.

Зикр шуд, ки дар ин давра ба 2771 нафар бекори дар қайди мақомоти Агентӣ буда кумакпулӣ таъйин карда шуда ва ба 4039 нафар кумакпулӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ дода шудаст.

Ба гуфти манбаъ, аз шумораи нафароне, ки кумакпулӣ гирифтаанд 173 нафар шахсони аз кор озодшуда, 784 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда,  3 ҳазору 82 нафарашон ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар баргаштанд,  ба ҳисоб мераванд.

– Ҳамчунин, ба 702 нафар шаҳрванд, ки дар қайди мақомоти мазкур буданд, барои рушди соҳибкорӣ ва дигар корҳо 2,5 миллион сомонӣ қарҳзои имтиёзнок дода шудааст, ки аз он 186 нафар маблағро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гирифтаанд, – афзуд Баҳодур Азиззода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь