Соли 2019-ум 17 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, як шаҳрванди Афғонистон бо қарори суди шаҳри Бохтар аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуд.

Муовони сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокирзода, имрӯз дар нишасти хабарӣ афзуд, ки  зимни амалиётҳои муштараки ин Раёсат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли рафта 17 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ошкор гардида, нисбати 16 шаҳрванди хориҷӣ парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра аз ҳисоби парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ тартиб дода шуда,  22 ҳазору 200 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 31 субъекти хоҷагидор, ки дорои иҷозаи ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар амал доранд,  дар онҳо  635 нафар хориҷиён ,ки аз он 39  нафарашонро занон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.

– Соли гузашта мувофиқи қарори ҳукумати кишвар  барои вилояти Хатлон 1340 нафар шаҳрванди хориҷӣ квота муқарар шуда буд. Дар ин давра аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷии ҳудуди вилояти Хатлон иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат ҳамагӣ ба 260 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой 251 нафар, Афғонистон 6 нафар, Эрон 1 нафар ва Туркия 2 нафар дода шудааст, – илова кард Қ. Зокирзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь