Дар вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохтмони 13 муассисаи томактабӣ идома дорад.
Мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Фарух Ҳотамзода иттлоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва сармояҳои хориҷӣ айни замон дар шаҳри Кӯлоб 2 кӯдакистон, Кӯшониён, Ҳамадонӣ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони яктои муассисаи томактабӣ идома дорад.
Гуфта шуд, аз ҳисоби бахши хусусӣ дар шаҳри Бохтар 2 муассисаи томактабӣ, Темурмалик 2 муассиса, Қубодиён Шаҳритус, Муъминобод ва Балҷувон яктоӣ муассисаи томактабӣ сохтма мешаванд.
Ӯ афзуд, ки ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон 21 дарсадро ташкил медиҳад ва баъди ба истифода додани 13 муассисаи нав фарогирӣ зиёд хоҳад шуд.