Аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ  12 роҳбари  корхонаҳои хидмати манзилию коммуналиро ба маблағи   беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Дар ин бора Саидзода Идулло, роҳбари ниҳоди мазкур, дар нишасти хабарӣ итилоъ дод.

Ба гуфти ӯ, роҳбарони Хоҷагиҳои манзилию камуналии шаҳру ноҳияҳои  Бохтар, Ҷайҳун,  Панҷ, Носири Хусрав, Дӯстӣ Вахш ва шаш шаҳру ноҳияи дигар барои саривақт накашонидани партовҳо ва дигар сабабҳо ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Бояд гуят, ки рӯзи 28-уми июл, дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид дар бораи вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ ва тозагиву ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят ҷамъомад баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва баровардани партововҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар намуда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь