Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 119 муассисаи таълимӣ дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, ки дар онҳо 56 ҳазору 326 хонанда таълим мегиранд. Дар ин бора Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

– Аз 119 мактабе, ки дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, 49 ададашон дар минтақаи Бохтар ва 70 адади дигараш дар минтақаи Кӯлоб мебошанд, ки ба онҳо офатҳои табиӣ, аз қабили​ ярч, сел ва дигар офатҳо таҳдид мекунанд, – илова кард мавсуф.

Ӯ қайд кард, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод 31 адад, Кӯлоб 20 адад, Панҷ 12 адад, Шамсиддин Шоҳин 7 адад, Кӯшониён 6 адад,​ Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Балҷувон 5-ададианд.

– Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери хавф қарордоштаи вилояти Хатлон 56 ҳазору 326 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь