Дар вилояти Хатлон 119 муассисаи таълимӣ дар минатқаҳои хавфнок ҷойгиранд, ки дар онҳо 56 ҳазору 326 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирфита шудааанд. Дар ин бора сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Мамадзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз 119 муассисаи таълимие, ки дар минтақаҳои хавфнок ҷойгиранд, 49 муассиса дар минтақаи Бохтар ва 70 муассисаи дигараш дар минтақаи Кӯлоб мебошанд.

Ба гуфти ин шахси масъул, аз ҳама бештар мактабҳои зери хавф қарордошта дар ноҳияи Муъминобод 31 адад, Кӯлоб 20 адад, Панҷ 12 адад, Шоҳин 7  адад, Кӯшониён 6 адад,  шаҳри Норак, Балҷувон, Восеъ ва Балхӣ 5-ададӣ, Ҷомӣ 4 адад ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 3-ададӣ мавҷуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Данғара, Фархор ва Ховалинг ягон муассиса дар минтақаҳои хафнок ҷойгир нестанд, илова кард ин шахси масъул.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь