Дар вилояти Хатлон соли 2023-юм 2502 оила ақди никоҳашонро бекор карданд, ки ин рақам дар соли 202-юм 3607 ҳолатро ташкил медод.

Сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ҷудошавии оилаҳо соли 2023-юм нисбат ба соли 2022-юм 1105 ҳолат кам шудааст. Ин шахси масъул зикр кард, ки омилҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, баланд гаштани маърифати оиладорӣ ва дигар сабабҳо аст.

Ба гуфти ӯ, аз 2502 оилае, ки ақди никоҳи худро бекор карданд, 1792 ҳолати он бо қарори суд, 655 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва 55 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳашон бекор карда шудааст.

– Баъди бекор кардани ақди никоҳи ин оилаҳо 2325 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гашта, аз ин 23 нафар дар тарбияи падарон, боқӣ 2302 нафар зери парастории модарони худ мондаанд, – илова кард мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта 27 ҳазору 264 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ин назар ба соли 2022-юм 1868 сабти никоҳ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь