Тайи ду рӯзи охир аз Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 110 нафар беморе,ки бо маризии илтиҳобии шуш бистарӣ шуда буданд,  пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

Аз Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар рӯзи 9 майи соли равон зиёда аз 40 нафар бемор, ки бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ буданд, пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Дар ин бора муовини сартабиби беморхона Давлатмурод Бояков хабар дод. Ба гуфти ӯ дар ин бемористон, ки муваққатан ба дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ табдил дода шудааст, зиёда аз 610 кат барои беморон омода гардидааст.

– То имрӯз 200 нафар бистарӣ шуда, хушбахтона, дирӯз 70 нафар ва имрӯз 40 нафари онҳо пурра табобат ёфта, дар ҳолати қаноатбахш ба манзилҳояшон ҷавоб дода шуданд, – зикр намуд Д. Бояков.

Имрӯз хурсандии беморон, духтурон ва аҳли оилаи беморон ҳадду канор надошта, онҳо миннатдории хешро ба табибони ҳозиқ барои ғамхориву дастгириашон расониданд.

Аз ҷумла сокини шаҳри Бохтар Фирӯз Бойматов, ки модараш тӯли чанд рӯз боз бистарӣ буду пас аз сиҳат ёфтан рухсат дода шуд, ҳамзамон беморон Самадов Раҷабалӣ, Шарифзода Шарифхон, Нуруллозода Сумая, Исмонова Санавбар, ки муддате таҳти назорати табибони ин беморхона қарор дошта, саломатии худро барқарор намуданд, аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва ғамхории табибон, ки шабу рӯз  дар нигоҳубини беморон заҳмату бедорхобӣ мекашанд, изҳори сипоси бепоён намуданд.

Беморон  ва табибон имрӯз аз дастгирии шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунанд ва аз ҷиҳати таъмини доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ таъмин месозанд, изҳори  қаноатмандӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь