Имсол ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар назар аст, ки 110 ҳазор  кӯдак ба синфи якум равад. Барои қабули онҳо ба соли нави хониш ҳама муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон  омода шудаанд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки бо дастгирии Ҳукумтаи кишвар, Вазорати маориф, ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд ҳама муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониши 2023-2024 омода гардида, бояд 110  ҳазор кӯдак  бори нахуст қадами худро ба остонаи мактаб гузоранд.

Итилоъ дода шуд, ки танҳо дар моҳи сентябр, яъне дар арафаи соли нави таҳсил ва ҷашни 32-солагии истиқлоли давалтии кишвар 71 иншоот дар соҳаи маорифи вилоят бо 541 синфхона, 18 кабинети корӣ, 1 толори варзишӣ бо фарогирии 24 ҳазору 880 ҷойи нишаст дар ду баст  ба истифода дода мешавад. Худи имрӯз 5 иншоот дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон  ба истифода дода мешавад, гуфтанд аз Раёсати морифи вилояти Хатлон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь