Дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон  давоми соли 2023-юум 101 ҳаҳзору 545 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар бозорҳо нархи як килограми он 5 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои як масъули Сарраёсати  кишоварзии вилояти Хатлон тибқи нақша бояд имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони  8 ҳазор гектар кишти картошкаи тирамоҳиву баҳорӣ гузаронида шавад, ки аз он  4450 гектараш кишти тирамоҳӣ мебошад ва ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 483 гектар зиёд аст.

Гуфта шуд, ки ноҳияи Восеъ  нақшаи кишти картошкаи тирамоҳиро пурра иҷро кардааст ва шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Кӯшониёну шаҳри Бохтар аз 48 то 100 дарсади тақшаро таъмин кардаанд. То охири моҳи декабр  дар вилоят беш аз 1350 гектар  картошка кишт карда шудааст.

Зикр шуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон дар 7517 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд, ки аз он 101 ҳазору 545 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь