Сарвазири Британияи Кабир Борис  Ҷонсон рӯзи чоршанбе зимни як саммит дар СММ аз он ҳушдорӣ дод,  ки халалрасонӣ ба мувозинати табиат фоҷиаи даҳшатбор дорад.  Расидани таъсири манфӣ  ба иқлим, иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва ҳамаи ҳадафҳои рушди устувор аз эҳтимол дур нест

– Қариб ба  1 миллион намуди растаниву ҳайвонот хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар охири нимаи аср 70% фисади олами ҳайвонот  талаф ёфтааст, – омадааст дар нутқи Борис Ҷонсон, ки идораи коргузории ӯ иттилоъ додааст.

Ҳукумати Британияи Кабир тасмим дорад, ки  то соли 2030  минтақаи мамнӯъгоҳҳоро аз 26% ба 30 % (дар масоҳти Шоҳигарии муттаҳида) баробар кунад.

Файзуллохон Обидов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь