Хабаргузории “Азия-Плюс” бо пахши як изҳорот эълом дошт, аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ мекунад. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, бо инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар ВМКБ хатари басташавӣ таҳдидаш мекунад.

Дар ин изҳорот, ки субҳи имрӯз бо се забон нашр шуд, хабаргузорӣ навишт, қабл аз ин “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда, ки идорааш ҳаводиси ВМКБ-ро “якҷониба” инъикос мекунад ва “вазъи кишварро ноором месозад”.

– Ба “Азия-Плюс” дастур шуда буд, ки “камбудиҳо бартараф карда шаванд”, дар ғайри сурат идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад. Бо дар назар гирифтани ин далел, идораи мо тасмим гирифт аз инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, худдорӣ кунад, – менависад хабаргузорӣ.

Мақомот то ба ин ҳол ба изҳороти хабаргузории “Азия-Плюс” чизе нагуфтаанд, вале мунаққидин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ онро монеагузорӣ ба фаъолияти озоди рӯзноманигорӣ ва бар хилофи озодии баён медонанд. Дар ин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сари ин изҳорот вокуниш нишон медиҳанд ва онро бознашр мекунанд.

“Азия-Плюс” хабаргузории хусусӣ дар Тоҷикистон буда, дар инъикоси ҳаводиси ВМКБ, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, вазъи Афғонистон ва Украина фаъолияти чашмрас дорад. Пеш аз ин сомонаи ин расона баста шуда буд ва он бо филтиршикан (VPN) боз мешуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь