Аз тарафи нозирони ҷангали вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2023-юм 740 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи 377 ҳазору 586 сомонӣ тартиб дода шудааст, ки аз ҳама бештар буриши ғайриқонунии ҷангал мебошад, ки ин нисбати соли гузашта 72 санад кам аст. Дар ин бора Мираҳмад Давлатов, муоивни директори муассисаи хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки аз 740 санад 478 санад буриши ғайриқонунии ҷангал, 137 санад чорвочаронии худсарона, 69 санад ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти ҷангал, 11 санад шикори ғайриқонкунӣ ва 45 санад қонунвайронкуниҳои дигар мебошанд.

Гуфта шуд, ки қонуншикани ҷангал  бештар дар минатқаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст, зеро дар ин минтақа соли гузашта 445 санад, дар минтақаи Бохтар бошад 295 санад тартиб дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь