Китоби навбатии рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис Холиқназар Ҷумъазода бо номи «Хандасарой» бо пешгуфтори нависандаи хушзавқ Абдурауф Муродӣ дар нашриёти “Адиб” аз чоп баромад. Муҳаррири китоб рӯзноманигори хушсалиқа Фазлиддин Асозода буда, рассоми ҷавону умебахш ва машҳур Назарзода Насиба Зариф ба он рангу ҷилои тоза бахшидааст.

Китоби навбатии рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис Холиқназар Ҷумъазода бо номи «Хандасарой»

Китоби мазкур аз 2 боб ибора буда, дар боби якум латифаву шӯхиҳои нависанда ҷой карда шудаанд ва қисми дуюми онро хотираҳои шӯх аз пирони зодгоҳ ва ашхоси гуногун гирд оварда шудаанд. Тамоми ҳикоёти хурди ҳаҷвии китоб аз воқеоти рӯзгор гирифта шуда, аз мушоҳидаву бардоштҳои муаллиф, аз дидаву шунидаҳояш, аз суҳбату маҳфилҳои гуногун аз рӯзгори деҳотиёни хушфеълу зарофатгӯй, аз мулоқотҳо бо дӯстону хешону пайвандон ва ҳампешагон, аз устодон ва рухдодҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ ҳикоят мекунанд.

Ба китоб нависандаи соҳибзавқ Абурауф Муродӣ пешгуфтор навишта, онро “Ба лафзи андаку маънии бисёр” унвон кардааст.

Абдурауф Муродӣ менависад: “Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо як зумра адибони хушқаламу соҳибзавқ анъанаи ҳаҷвнигорони пешинро бо камоли масъулият идома мебахшанд, ки яке аз онҳо нависандаи хушсалиқаю соҳибназар Холиқназар Ҷумъазода аст. Бо навиштаҳои танзбори ӯ солҳо боз хонандагони тоҷик шиносоӣ доранд. Ҳикояҳои ҳаҷвии ин қаламкаши завқманд дар нашрияҳои гуногуни кишвар пайваста рӯи сафҳа меоянд ва низ чанд китоби ҳаҷвияш, аз ҷумла, китоби «»Биё, ки  фолат бинам» пешкаши хонандагон гардидааст. Ҳамакнун аҳли мутолиа китоби нави адибро рӯйи даст доранд, ки «Хандасарой» ном гирифтааст ва воқеан, номаш бо муҳтавояш созгор омада”.

Силсилае аз нигоштаҳои нависандаро лутфу ҳозирҷавобии дӯстон ва шахсиятҳои маъруф, хушгӯиҳои одамони шӯху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоду шогирд… ташкил медиҳанд, ки мутодиаи онҳо ба хонанда як ҷаҳон фароғат мебахшад.

Бояд таъқид кард, ки дар ҳаҷв ба комёбӣ расидан на ҳар қаламкашеро даст медиҳад. Холиқназар Ҷумъазода дар ин ҷода устуворона ва бо шеваи хоси хеш қадам мегузорад ва аз ҳаҷвнигорони муваффақи замон аст. Инро китоби якуми ҳаҷвии ӯ “Биё, ки фолат бинам” ва инак китоби навбатиаш –  «Хандасарой» тасдиқ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Холиқназар Ҷумъазода муаллифи китобҳои «Парандаҳои муҳоҷир»  (соли 2013), «Биё, ки фолат бинам» (2021) ва «Ашкҳои зери борон» (2022) мебошад. Соли 2021 китоби ҳаҷвии «Биё, ки фолат бинам» дар озмуни «Китоби сол» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи наср китоби сол эълон шуда буд.

Бо пешкаш кардани китоби «Хандасарой» Холиқназар Ҷумъазода барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв дастури нав пешниҳод мекунад ва бо ин тарзи табобат умри дӯстдорони хандаро дарозтар месозад.

Ин дастури Холиқназар, ки «Хандасарой» ном дорад, бо дархости ҳаводорони ҳаҷву ханда пешкаши хонандагон мегардад. Боварӣ дорем, ки беҳтарин навиштаҳои ӯ ҳанӯз дар пешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь