Муминзод Абдулмаҷид, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи баланд бардоштани нархи барқ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ягон пешниҳоде дар ин бора нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар ин бора дар нишасти ниҳодаш гуфта буд.

“Баланд бардоштани нархи барқ ин дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ҷониби ваколатдор лоиҳаи санад пешниҳод мешавад. Дар инҷо масъулияти хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян намудани арзиши аслии 1 кВт барқ мебошад. То имрӯз мо ягон тасмиме нагирифтаем. Ягон иттилое дар ин бора на аз ҷониби ҳукумат на аз ҷониби вазорат ба мо нашудааст. Дар ҳолати пешниҳод шудан хулосабарорӣ мекунем”, – таъкид дошт сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ.

Мавзуи баланд бардоштани нархи барқ 31-уми январ зимни нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои об аз ҷониби вазири ин ниҳод Далер Ҷумъа садо дода буд.

– Ҳозир диққати асосии мо ба таъмини барқи давомдор ва хушсифат дар фасли зимистони имсола аст. Барои таъмини барқ дар фасли зимистон мо аз марказҳои барқӣ-гармидиҳии шаҳри Душанбе истифода мебарем, ки талафотро камтар мекунад. Агар раванди гароншавӣ оғоз шавад, иловатан хабар медиҳем. Вале, боз мегӯям, қариб се соли охир нархи истифодаи барқ баланд нашудааст, аммо ин мавзуъ бо дарназардошти вазъи макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ  дар солҳои наздик дида баромада мешавад”, – гуфта буд Далер Ҷумъа.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь