Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон Юсуфзода Фируз имрӯз дар нишасти матбуотӣ омили гарон шудани нархи сабзиро мавсимӣ будани кишти он, пастшавии ҳосилнокии сабзӣ дар нимсолаи якуми соли равон, номусоид омадани боду ҳаво ва муътадил набудани ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ арзёбӣ кард.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон Юсуфзода Фируз

Ӯ гуфт, ҳавои нисбатан салкини рутубатнок ва намнок афзоиш ёфта, тибқи нишондоди меъёрҳои кишоварзӣ дар мавриди муътадил будани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва мусоидати иқлим аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 40 то 80 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ мегардад.

– Омили дигари таъсиррасон  ба болоравии нархи маҳсулоти кишоварӣ аз нобаробар будани тавозуни байни талабот ва пешниҳод дар бозори молӣ мебошад, – афзуд манбаъ ва гуфт, ки мушоҳидаҳо собит месозанд, ки камчинии молу маҳсулот дар бозори молӣ сабаби зиёд гаштани талабот ва болоравии нархи маҳсулот мегардад.

Ҳамчунин, сабаби афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят аз нокифоягии ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ ҷиҳати таъмини талаботи мавҷуда, нисбатан баланд будани нархи маҳсулоте, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд (аз ҷумла, сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, нуриҳои минерали ва ғайра), болоравии нархи боркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёт вобаста ба афзоиши нархи сӯзизворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти мавсимии маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар кишварҳо арзёбӣ мегардад.

Қайд гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ дар заминҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар соли 2020 дар майдони 4325 гектар кишти сабзӣ гузаронида шуда, ҳосилинокӣ 115 ҳазору 931,7 тоннаро ташкил додааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 26,8 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 июни соли 2021 дар заминҳои корами вилоят дар масоҳати 344 525,0 гектар кишти хама намуди зироатҳои техникӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар заминҳои хоҷагиҳои ҷамъиятии вилоят дар майдони 2131 гектар кишти сабзӣ гузаронида шуда, то инҷониб аз 1084 гектар замииҳои кишт 24 894 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 23 тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида айни замон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 адад сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидори ғунҷоиши 20 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият дошта, шумораи бозорҳои доимоамалкунанда ба 49 адад мерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь