Субхи 7.09.2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Майдони Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор гардид, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш карда шуд.

Таҷлили ҷашн бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь