24 ноябр хадамоти фармоиши такси «Максим» дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти ҳукумат чорабинии ба ид бахшидашударо ташкил намуд. Байни онҳо — намоиши автомобилҳо бо парчамҳо, консерти мусиқӣ, мукофоти ронандагон ва мизоҷони такси.

Қатори диданӣ аз автомобилҳои ҳамкорони ширкат дар кӯчаҳои шаҳр аз истгоҳи ноҳияи Ғафуров то Хуҷанд гузаштанд. Ронандагон бо худ парчамҳои Тоҷикистонро ҳамчун нишонаи истиқлол, оромӣ ва рушди кишвар бурданд. Автомобилҳо бо нишонаи дастгирӣ буқ мезаданд, пиёдаҳо бо ҳайрат нигоҳ мекарданд — онҳо чунин ҳаракати зиёди автомобилҳоро аввалин маротиба медиданд.

Чорабиниҳои идона бо консерти ройгон барои сокинони Хуҷанд давом ёфтанд. Дар майдони шаҳр дастаҳои машҳури мусиқӣ ва рақсӣ баромад карданд. Баъдан ҷамъшудагонро ҷонишини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ва роҳбари вилоятии ҳизби президентӣ Каримзода Мирзоқосим табрик карда, ба ҳама сулҳ ва беҳбудӣ таманно карданд.

Кормандони хадамоти «Максим» ба ронандагон ва мизоҷони фаъолтарин туҳфаҳо тақдим карданд. Ронандагони пешсаф кулоҳҳо ва болинҳои фирмавӣ, термосҳо ва сипосномаҳо гирифтанд. Мизоҷони бештар аз 3000 сафар содиркарда маҳсулоти фирмавӣ, сертификатҳо барои пардохти сафарҳоро гирифтанд. Ба ғайр аз ин, намояндагони ширкат ҳамкор – роҳбарони Хадамотҳои назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ва вилояти Суғд, муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», БДА МДВ-и вилоятӣ, инчунин ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро қадрдонӣ карданд.

– Мо ҳамасола дар ҷашнгирии Рӯзи парчами миллӣ иштирок мекунем: гузаштҳоро ташкил карда, туҳфаҳо тақдим мекунем. Вале ин дафъа аз рӯи шумораи иштирокчиён рекорд гузоштем. 360 ронандаи бо хадамоти мо ҳамкоридошта, ғояи барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии шаҳрвандони мо дар кӯчаҳои шаҳр гаштанро дастгирӣ карданд. Шодам, ки мо ба одамон дар ин рӯз шодӣ оварда тавонистем. Ҳамаро бо ид табрик мекунам! – мегӯяд роҳбари хадамоти «Максим» дар Хуҷанд Мирзонуриддин Нурматов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь