Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар ва 30-солагии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Раиси вилоят ба тамоми сокинони вилоят, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва захираҳои сафарбарии вилоятро ба ин муносибат самимона шодбошу таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят файзу баракат, осоишу саодатмандӣ, офияту тандурустӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафти рӯзафзун таманно кард.
Қайд гардид, ки такягоҳи давлат ва устувории фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахшу итминони мардум дар зиндагии осоишта, ба қудратмандии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори қавӣ дорад.
Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар сухани шодбошии худ зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият дар ҳудуди вилоят баҳри ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва хомӯш намудани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа сохторҳои дахлдори низомӣ таъсис дода шуда, бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар хиёбони марказии шаҳри Бохтар гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ сурат гирифт.