Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як гузаргоҳи дигар боз шуд, аммо иттилоъ дар бораи он, ки шаҳрвандони ду кишвар бе виза тариқи гузаргоҳҳо рафтуомад мекунанд, тасдиқ нашудааст.

Гузаргоҳи бозрасии «Қуштегирмон» дар марзи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кушода шудааст. Он чанд рӯз пеш ба фаъолият шурӯъ кардааст, аммо мақомоти расмӣ дар ин бора ба ВАО иттилоъ надодаанд.

Ҳамин тавр, то ҳозир барои рафтуомади шаҳрвандон ва убури ҷузъии воситаҳои нақлиёт чор гузаргоҳи байналмилалӣ фаъолият мекунад, ки инҳо «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Патар» дар шаҳри Конибодом ва «Қуштегирмон» дар ноҳияи Спитамен ҷой доранд.

Ду гузаргоҳи дар охир ёдшуда чанд рӯз пеш ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба ғайр аз ин ду гузаргоҳи роҳи оҳан дар Турсунзода ва Конибодом амал мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар арафаи иди Наврӯз гузаргоҳи «Ҷартеппа» дар марзи Панҷакенту Самарқанд ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Иттилои бе виза ба Ӯзбекистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Шаҳрвандони наздисарҳадии ду кишвар тариқи ин гузаргоҳҳо метавонанд, ки бе виза ба муддати панҷ рӯз равуо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь