Муддатест, ки дар бозорҳои кишвар гӯшт камёфт ва арзиши он гарон шудааст, ки ин сокинонро нигарон кардааст.

Сокини шаҳри Душанбе Саъдӣ Маҳдӣ мегӯяд, дар бозорҳо бештари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ бастаанд ва нархи гӯшт, ки рӯзи гузашта 40 сомонӣ буд, имрӯз ба 44-45 сомонӣ баробар шудааст.

“Дирӯз бегоҳ ба бозори Сафариён барои хариди гӯшт рафтам. Тамоми дӯконҳо баста, танҳо ду дӯкон кор мекард. Вақте нарх пурсидам, 44 сомонӣ гуфтанд. Дирӯз 40 буд, гуфтам, гуфтанд, ки арзиши мол боло рафтааст. Барои санҷиш, аз гӯштфурӯшони маҳаллаи 33 дидан кардам, ки ин ҷо ҳам аҳвол аз ин бадтар буд. Аксари дӯконҳо баста, 3-4 дӯкон кор мекард. Нарх пурсидам, ҳуш аз сарам парид. 45 сомонӣ! Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки 43 сомонӣ қабул кардем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин ҳамсуҳбати мо барои баланд бардоштани нархи гӯшт аз Ҳукумати шаҳри Душанбе хостори он аст, ки тоҷирони гаронфурӯш ҷарима карда шаванд.

“Ба Ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда гуфтаниам, ки инҳоро ҷарима банданд. Махсусан, назорат аз растаи гӯштфурӯшони маҳаллаи маъруф ба 33 шадид карда шавад, зеро инҳо парвои халқи бечораро надоранд. Танзими нарх аз ҳамин ҷо ба тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ меравад. Дар тамоми ҷумҳурӣ нархи гӯштро дар нисбати аз ҳамин ҷо танзим мекунанд. Роҳи дигар, ин дӯконҳоро бастан даркор”, – илова кард ӯ.

Сокини ноҳияи Ёвон Аъло Умарзод мегӯяд, ки нархи гӯшт ду ҳафта қабл 37 сомонӣ буд, вале пеш аз моҳи Рамазон ба 43 сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи сокинони кишвар нархи гӯштро тоҷирон маҳз дар моҳи Рамазон баланд мекунанд.

“Дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ барои савоби бештар гирифтан, нархҳоро арзон мекунанд, дар мо бошад, барои 10 сомонӣ имонашонро мефурӯшанд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари ин, баъзе аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” менависанд, ки нархи гӯшт то ба 70 сомонӣ расидааст.

Тоҷирони бозорҳо бар он ақидаанд, ки айни замон гӯшти чорво камчин шудааст, чун ба дигар кишварҳо интиқол дода мешавад. Ин боис шудааст, ки бештари дӯконҳо баста ва нархи гӯшт боло бурда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь