Михаил Саакашвилӣ рӯзи 3-юми июл дар ҷаласаи додгоҳе, ки парвандаи алайҳи ӯ барои пароканда кардани гирдиҳамоии соли 2007 оғоз шуда буд, тавассути пайванди видеоӣ ширкат кард. Он замон ӯ дар вазифаи президенти Гурҷистон кор кардааст.

Нашрияи гурҷистонии Mtavari наворҳо аз ҷаласаи онлайни додгоҳи шаҳри Тифлисро, ки ба он президенти собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ҳамроҳ шуд, нашр кардааст.

Вай нишон дод, ки ҳангоми боздошт чӣ гуна вазн гум кардааст. Дар наворҳо рухсораҳои лоғаршудаи раҳбари собиқи давлат, қабурғаҳои берун баромада ва шиками ба пушт часпидаи ӯ дида мешаванд.

Пизишкон мегӯянд, пеш аз боздошт шудани сиёсатмадор дар соли 2021 ӯ амалан солим буд. Ҳамаи бемориҳо, ба гуфтаи пизишкон, пас аз боздошти ӯ ба вуҷуд омадаанд. Вай табларзаи этиологияи номаълум, анорексия, зуд кам шудани вазн ва дарди мушакҳоро дорад. Гузашта аз ин, пизишкони Саакашвилӣ гуфтаанд, ки табобаташ қариб ғайриимкон аст.

Бародараш Довуд гуфт: “Эҳтимоли заҳролуд шудани Михаил вуҷуд дорад, инро таърих шояд дертар исбот кунад. Вазъият воқеан хуб нест, вазнаш даҳшатнок аст, ман омода нестам бигӯям, ки Михаил ҳоло чанд кило вазн дорад, аммо далел ин аст, ки вай аз даст додани вазни худро идома медиҳад ва мемирад”.

Моҳи феврали соли 2023 гузориш шуда буд, ки Саакашвилӣ 67 кило вазн дорад. Пеш аз боздошт вазни ӯ 116 кило ва қадаш 195 сантиметр буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь