Михеил Кавелашвилӣ, ки вакили парлумон низ буд ва қаблан дар дастаҳои «Динамо»-и Тбилисӣ, «Алания» (Русия) ва «Манчестер Ситӣ» (Англия) бозӣ кардааст, раисиљумњури нави Гурҷистон интихоб шуд.
Интихоботи президентӣ дар Гурҷистон рӯзи 14-умидекабр бори аввал на бо овоздиҳии мустақим, балки аз ҷониби коллегияи интихоботӣ, ки аз 300 нафар иборат аст, баргузор шуд.
Намояндагони аҳзоби мухолиф, ки мақомоти феълиро ғайриқонунӣ медонанд, дар интихобот ширкат накарданд, хабар медиҳад Интерфакс.
Комиссияи марказии интихоботии Гурҷистон, ки раванди интихоботро таъмин мекунад, бар асоси натоиҷи овоздиҳӣ Кавелашвилиро раисиҷумҳури Гурҷистон эълон кард. 224 интихобкунанда ба ҷонибдорӣ аз ӯ раъй додаанд (барои интихоб шудан камаш 200 овоз лозим аст). Кавелашвили ягона номзад буд.
Аз соли 2016 Кавелашвили вакили порлумон аз «Орзуи гурҷӣ» буд ва дар соли 2022 раҳбарии ҳизби “Қудрати мардум”-ро, ки аз ҳизби ҳоким “ҷудо” шуд буд, бар уҳда дошт, менависад Meduza. Маҳз вакилони ин ҳизб ташаббуси баррасии қонуни Гурҷистон дар бораи “агентҳои хориҷӣ” шуданд.
Кавелашвилӣ ва ҳамроҳонаш дар рӯйхати “Орзуи гурҷӣ” вориди даъвати нави порлумон шуданд. Кавелашвилӣ бо суханронии зидди Ғарб машҳур аст ва ӯ ҳамчунин мухолифи “таблиғоти” ҳамҷинсгароӣ аст.