Вакили дифои духтари президенти қаблии Ӯзбекистон Гулнора Каримова гуфтааст, ки ин нафари таҳти ҳимояи ӯ дар зиндони Зангиота нигаҳдорӣ мешавад.

“Ба маҳбаси занонаи Зангиота расидам. Талош дорам, ки бо Каримова мулоқот кунам”, – навиштааст Грегуар Манжа рӯзи 1-уми апрел дар шабакаи твитерии худ.

Грегуар Манжа рӯзи 2-юми апрел хабар додааст, ки бори дуюм ба маҳбас рафтааст, аммо ӯ дақиқан нагуфтааст, ки оё бо нафари таҳти ҳимояташ мулоқот кардааст, ё на. Прокуратураи генералии Ӯзбекистон рӯзи 5-уми март хабар дод, ки Гулнора Каримова бо қарори суд аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол дода шудааст.

Бо қарори суди вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми ӯ 5 сол кам шуд. Ба иттилои прокуратура, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ суистифода кардааст, аз ин хотир ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Қаблан аз ин хабар буд, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь