28.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии “Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, Турдиев Турдӣ Муллоҷонович устоди Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин 100 ҷавон аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсиям мазкур иштирок доштанд.
Кори Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилию сатҳи минтақавӣ, инчунин баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масоили вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 таваҷҷуҳи махсус намуда, пайваста иқдому ташаббусҳо пешниҳод менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз 5 пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида аст, аз ҷумла:
Ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 “Соли оби тоза” аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 – Соли оби тоза эълон карда шуд.
Ташаббуси дуюм санаи 23 декабри соли 2003 бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.
Ташаббуси сеюм эълон намудани соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” мебошад.
Ташаббуси чорум. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.
Ташаббуси панҷум чуноне ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем14 декабр Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ ва пуштибонии 154 кишвари узв қабул кард.
Дар асоси қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвар – «Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо», «Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Сипас, ҷавонон аз минтақаи ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов аз дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва ташаббусҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки Дар воқеъ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаи обу иқлим, махсусан оби тозаи нӯшокӣ, ки барои инсоният бениҳоят зарур аст ва аз сабаби мушкилоти мавҷуда дар ин самт ҳамасола ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳазорҳо нафар аз норасоии он азият мекашанд барои аҳли башар гереҳкушои ин масъала ба ҳисоб мераванд. Танҳо лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз қабули ин пешниҳодҳо ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо низ якдилу якмаром кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Конференсия пӯшида эълон карда шуд.