Пас аз муноқишаҳои дигарбора музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки дирӯз оғоз гашта буд, пас аз зуҳури имрӯз ба анҷом расид. Дар гуфтушунидҳои ахири марзӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки протоколи шумораи 3-ро, ки 1 майи соли 2021 ба имзо расида буд, иҷро мекунанд. Дар ин бора дар брифинге пас аз гуфтушунидҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳорот дод.

«Мо ба тавофуқ расидем, ки дар замони гуфтушунидҳо бояд санадҳои бунёдиеро, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо ба имзо расидаанд, ба эътибор бигирем. Мо мувофиқа кардем, ки талаботи протоколҳо бояд башиддат иҷро шаванд”, – изҳор дошт Ятимов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки пас аз 8 рӯз ба иҷрои протоколе, ки 1 майи 2021 имзо шуда буд, мепардозанд:

«Бар асоси нуктаҳои имзошудаи ин пртокол кор мекунем, ки қаблан садо дода буданд. Дақиқан, баъди имрӯз кори комиссияҳои муштарак корҳои топогрфиву ҳуқуқӣ оғоз мешавад. Ин кор бидуни таваққуф барои ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла таъйину аломатгузории марзи давлатӣ пеш бурда мешавад».

– Дар замони наздик мо дигарбора мулоқот мекунем ва кори ин комиссияро баррасӣ менамоем, – менависад “Азия-Плюс” ба истинод аз Ятимов.

Ятимов меафзояд, ҳарчанд имрӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳо протоколе ба имзо нарасид, аммо  чизҳое аст, ки болотар аз протоколанд.

«Мо қавл додем ва дасти якдигарро фишурдем, ки он чиро ки имзо кардему ба тавофуқ расидем, иҷро мекунем. Ин масоил бидуни баҳс манофеи ду мардуми бародарро дар бар мегиранд», – таъкид карда раиси КДАМ Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад, ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь