Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки одамон бештар ба хориҷа сафар мекунанд, дар хориҷа кору фаъолият доранд, робитаҳои байналмилалиро нигоҳ медоранд, талабот ба  усулҳои қулай ва бехатари интиқоли пулии фаромарзӣ бештар пайдо мешавад.

Бо мақсади васеъ кардани шабакаи фурӯши хизматрасониҳо барои қонеъ гардонидани ниёзҳои мизоҷон, дар Душанбе вохӯрии намояндагони ду бонки калони Тоҷикистону Русия баргузор гардид.  Носир Орипов, Сардори Департаменти тиҷорати чаканаи ҶСК «Бонки Эсхата» ва Михаил Шашилов, роҳбари бахши пардохтҳои фаромарзи ҶС Тинкофф Бонк байни ҳам гуфтушуниди самарабахш анҷом доданд.

Доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ду муассисаи молиявӣ ҳам дар самти хизматрасониҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявии ғайрибонкӣ баррасӣ карда шуд. Бо мақсади бомуваффақият ҷорӣ намудани имкониятҳои нави интиқоли фаромарзӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи мизоҷон, бонкҳо имконияти ҷорӣ кардани маъракаҳои таблиғотиро баррасӣ намуданд. Аксияҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб барои ҷалби мизоҷони нав кӯмак карда, барояшон бештар озодӣ ва бовариро дар самти идоракунии маблағҳояшон дар миқёси байналмилалӣ фароҳам меоранд.

“Ба шарофати ҳамкории ду бонк мизоҷони мо дар оянда метавонанд ба осонӣ ва бехатар пулро ба хешовандон, дӯстон ё шарикони худ дар хориҷа интиқол диҳанд ва аз ҳуҷҷатгузории мураккаб ва комиссияи баланди низомҳои анъанавии интиқол, даст кашанд. Ин ба онҳо озодии интихоб ва амнияти амалиетҳои молиявиро кафолат медиҳад”, – гуфт Носир Орипов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь