Шоири зуллисонайн, мутарҷими моҳир, публитсисти чирадаст шодравон Ҷонибек Қувноқ тӯли умри кӯтоҳи худ баҳри рушду нумӯъи фарҳангу адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон, ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар хидмати арзанда кардааст. Ӯ фахру ифтихор дошт, ки дар деҳаи дурдасти Порашт ба дунё омада ва дар он ҷо мардум ҳама бо лафзи ноби тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Ҳар сол дар моҳи ноябр доираҳои фарҳангии ду Ҷумҳурӣ бахшида ба зодрӯзи шоири зуллисонайн, мутарҷим ва публитсист Ҷонибеки Қувноқ чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд. Соли 2019 бо кӯмаки маблағи фонди назди Олий Маҷлис ва бо ибтикори бахши вилоятии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии  Ӯзбекистон китоби ӯ бо номи “Ширу шакар” ба нашр расид. Аз он пештар бо сарпарастии дӯстони тоҷикистонии шоир китоби ашъораш бо номи  “Чароғи сухан” рӯи чопро дида, тақдимоти ин китобҳо дар зодгоҳи шоир: Порашту маркази ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах доир гардида буданд…

Инак, имсол ба муносибати ҳаштодсолагии зодрӯзи шоири шодравон Ҷонибек Қувноқ дар шаҳри Тошканд бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои  байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ шуда гузашт. Дар он аҳли адабу фарҳанг, донишҷӯён, пайвандони шоир ширкат ҷустанд. Раиси Кумитаи номбурда Рустам Қурбонов,  сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Маркази тоҷикони Ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова дар хусуси моҳият ва аҳамияти ин қабил чорабиниҳо чанд сухан гуфтанд. Таҳти мавзӯъҳои “Эътирофи шогирдон”, ” Ҷойгоҳи Ҷонибеки Қувноқ дар  адабиёту фарҳанг”,  “Шаҳпули маънавии халқҳои тоҷику ӯзбек” Абдукарим Шарифов, шоирон Масъуди Мирзо ва Абдулло Субҳон маърӯзаҳо хонданд. Донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои тоҷикии шаҳри Чирчиқ ва ноҳияи Букаи вилояти Тошканд аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Узви дастаҳои “Офтоби суғдиён”-и Бухоро, “Зарафшон”-и вилояти Тошканд бо суруду таронаҳои дилошуб ва рақсҳои ҷолиб дили ҳозиронро шод гардониданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов ва масъули бахши  нашриёти “Тӯроннашр”  Асаддулло Исмоилзода ба донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо  китобҳои тоҷикӣ  тақдим намуданд.

Ин қабил чорабиниҳо бешак барои эҳё сохтан ва тарғиб намудани осори шоир хидмат хоҳанд кард.

Анорбой Назаров,

хабарнигори “Овози тоҷик”, Ӯзбекистон, махсус барои «Фараж»

Акс аз Раҳимшоҳи Шарифзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь