Бо саъй ва эҳтимоми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё бахшида ба 110-солагии адиби маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ-бадеӣ баргузор гардид. Дар ин бора устоди ин донишгоҳ ва раиси Маркази тоҷикони вилоят Рамазони Абдулло ба мухбири “Фараж” итттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин маҳфил декани факултети филология Обид Шофиев ҳусни оғоз бахшидааст. Вай гуфтааст, ки Мирзо Турсунзода дар Ӯзбекистон ба ғайр аз шоири маъруф будан ба сифати арбоби давлатӣ низ шинохта шудааст. Ҳамчунин, вай дар мустаҳкамшавии дӯстиву рафоқати мардуми ӯзбек ва тоҷик саҳми шоиста гузоштааст.

– Дар идома олим ва шоир Юсуф Вализода, профессорони тоҷикистонӣ Абдунабӣ Сатторзода ва Абдувалӣ Набавӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралии Нурзод дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода, инъикоси сафарҳои ҷолиби ӯ ба чаҳор гӯшаи олам дар осори ӯ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироъа карданд, – изҳор кард Рамазони Абдулло.

Маълум шуд, ки дар ин чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода шеъру ғазалҳо қироат кардаанд, аз достонҳои ӯ порчаҳо хондаанд. Баъд сурудҳо бар матни осори ӯ танин андохтааст ва рақсу суруд ба ҳам омехта ин маҳфилро боз шукӯҳи бештар бахшидааст.

Тавре Рамазони Абдулло илова кард, баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ дар шаҳри Тирмиз ба ҳукми анъана даромадааст.

– Ин бор мо аз устод Мирзо Турсунзода ёд кардем. Вай ба ҳайси адиби мумтоз дар рушди адабиёти муосири тоҷик ҳиссаи бузург гузоштааст. Турсунзода адибест, ки ҳамеша сулҳу амониро тараннум мекард. Мо дар гурӯҳҳои тоҷикии факултети филологияи донишгоҳамон маҳз ба ин паҳлӯи осори вай таваҷҷӯҳи шогирдони худро ҷалб мекунем, – тазаккур дод Рамазони Абдулло.

Ба таъкиди мавсуф  ба иллати дунёгиршавии куруно як идда олимону адибон аз Тоҷикистони ҳамҷавор натавонистанд бевосита ба Тирмиз ташриф оваранд ва дар ин маҳфил ширкат кунанд.

– Барои ҳамин лозим омад, ки онҳо аз тариқи онлайн иштирок кунанд ва маърӯза хонанд. Суҳбату мулоқотҳои ҷолибу самимии онҳо бо аҳли толор низ басо хотирмон буд, – гуфт Рамазони Абдулло.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь