Аксар кишоварзони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон имрӯз аз нархи пасти пиёз, гила карда мегуянд, ки хароҷотҳои худро наметавонанд бароранд, зеро айни замон нархи як килограми ин маҳсулот 30 то 40 дирам аст.

Сардори Раёсати кишоворзии ноҳияи Ҷайҳун Пирназар Нуров яке аз омили паст шудани нархи пиёзро паҳн шудани бемории коронаврирус ва баста будани марзҳо арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, ки имсол дар ноҳияи Ҷайҳун кишоварзон дар майдони 4 ҳазору 23 гектар пиёз кишт карданд, ки то имруз ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектарашро ҷамъоварӣ кардаанд.

– Тибқи нақша бояд кишвоарзони ноҳияи Ҷайҳун имсол 160 ҳазор тонна пиёз ҷамоварӣ кунанд, – илова кард ӯ.

Ба иттилои ӯ, то имрӯз 123 ҳазор тонна  пиёз ҷамъоварӣ ва зиёда аз 15 ҳазору 300 тоннааш берун аз кишвар содирот карда шудааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз  дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон аз ҳама маҳсулоти арзон пиёз аст, ки 25 килограми онро бо арзиши 12 сомонӣ метавон харидорӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь