Дар Суди байналхалқии Гаага генерали Хорватия Слобадан Праляк баъди шунидани ҳукм бо нишони эътироз садо баланд кард ва аз ҷайби худ суроҳие бароварду онро ба лаб бурд.

– Ман заҳр нӯшидам, – гуфт ӯ ва ҳамаро ба ваҳшат овард.

Аз навор маълум мешавад, ки судя ба ин изҳороти генерал аввал бовар накардааст, аммо вакил ин амали ғайримунтазираи ӯро тасдиқ мекунад. Генреалро зуд ба бемористон интиқол медиҳанд ва суд муҳокимаро қатъ мекунад. Дар бемористон генералро аз марг наҷот додан натавонистанд.

Собиқ роҳбари Шӯрои мудофиаи Хорватия Слобадан Пралякро суд соли 2013 бо ҷурми ҷиноятҳои зиёди ҳарбиаш муқобили мусулмонҳои босниягӣ 20 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар муҳокимаи дирӯза, ки ҳукм ба иҷро медаромад, генерал бо нишони эътироз даст ба худкушӣ зад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь