Як шаҳрванди Миср, аз вилояти Алмунавфия дар шимоли ин кишвар, ганҷеро ёфтаааст ва иддао дорад, ки ин ҳамон ганҷи Қорун аст.
Хабаргузории «Спутник» менависад, ки кошифи ганҷи Қорун, масоҳати минтақаи кашфшударо беш аз чор гектар эълон карда, гуфтааст, ки тамоми ин масоҳат, пур аз тиллову ҷавоҳир ва осори фиръавнӣ аст ва ин сарват, барои харидани як кишвар кифоят мекунад.
Ин марда дар ивази ганҷи ёфтааш, 10 дарсад аз он ба изофаи 16 миллион ҷунияи мисрӣ ва ҳамчунин медали ифтихори Нилро аз давлати Миср хостор шудааст .
Ӯ гуфтааст, ки ҳозир аст, дар сурати исбот нашудани иддаояш, 16 миллион ҷуния ҷарима ба давлат пардозад ва бақияи умрашро дар зиндон гузаронад.
Блоки рекламавӣ