Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки аз рӯи натоиҷи Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини мусобиқот шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо – тими миллии футзали Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ФФТ хабар медиҳад.

Рӯзҳои 7 ва 8-уми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрданд ва бо ба даст овардани 6 имтиёз аз зинаи дуюм ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври чорякфиналӣ дастаи Тоҷикистон дар муборизаи бисёр ҳассос аз дастаи мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь