Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон натиҷаро мусовӣ (4:4) кард ва дар бозии дуюм ба дарвозаи дастаи Непал 11 гол зад.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозӣ бо Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале баъдан ба дарвозаи худ чор тӯб сар доданд. Тоҷикистон дар охири бозӣ фишорро ба дарвозаи рақиб зиёд карда, бо шарофати дубли Идрис Ёров тавонист ҳисобро баробар кунад.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Непал бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.
Дар гуруҳи «А» Туркманистон бо ҳисоби 3:1 бар Қирғизистон ва Эрон бо натиҷаи 17:0 бар Малдив пирӯз шуданд.
Имрӯз, 11 апрел, тими миллии Тоҷикистон бо Непал бозӣ кард. Дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 11:1 бар Непал пирӯз шуд. Қисми якуми бозӣ бо голи Непал оғоз шуд ва бачаҳои Тоҷикистон низ як гол заданд. Бо ҳамин натиҷа ва аз майдон ронда шудани якбозигарӣ аз ҳарду даста қисми якум ба охир расид. Дар қисми дуюм футзалбозони Тоҷикистон 10 голи беҷавоб заданд.
Бояд гуфт, ки ду даста аз гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.