26-уми  май дар майдони Регистони Самарқанд маросими қуръакашии Чемпионати ҷаҳонии футзал-2024 баргузор шуд.

Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барои нахустин бор дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон ширкат мекунад, маълум шуданд. Дастаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи Е буда, бо дастаҳои мунтахаби Португалия, Панама ва Марокаш бозӣ мекунад.

Бар асоси натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаи  ташкил карда шудд. Тимҳое, ки дар марҳилаи гуруҳӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Мавсими даҳуми Чемпионати ҷаҳонии футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа сармураббӣ Пайрав Воҳидов, мутахассиси ватанӣ, роҳбарӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь