Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии мураббии бухороӣ Усмон Тошев ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” гардид, ки 21 январ дар Давҳаи Қатар ба анҷом расид.

Дар мусобиқа, ки 15-21 январ доир гашт, дастаҳои мунтахаби олимпии чор кишвар – Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувайт ширкат намуданд.

Дар даври ҷамъбастӣ тими олимпии мо муқобили дастаи Кувайт дар ҷараёни бозӣ бартарӣ нишон дод, аммо натавонист ғалаба кунад. Тақдири бозиро голи ягонаи ҳамлагари дастаи мунтахаби Кувайт Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ дар дақиқаи 25-ум ҳал кард.

Дар бозии дигари даври сеюм дастаи мунтахаби олимпии Эрон бар тими мизбон – Қатар пирӯз шуд – 2:1.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз нуҳ имтиёзи имконпазир 6 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Давҳа гардид. Дар ду даври қаблӣ олимпичиёни кишвари мо бар дастаи Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) ғалаба карданд. Ҷои дуюмро Эрон бо 6 хол, ҷои сеюмро Қатар бо 3 хол ва ҷои чорумро Кувайт бо 3 хол ишғол карданд.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар яке аз марҳилаи омодагии дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26-уми март дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

 

 ДАСТАҲО

 Б 

 Ғ 

 М 

 Б 

 Т-Т 

 И 

 1

 Тоҷикистон

 3

 2

 0

 1

 3-2

 6

 2

 Эрон

 3

 2

 0

 1

 8-3

 6

 3

 Қатар

 3

 1

 0

 2

 4-4

 3

 4

 Кувайт

 3

 1

 0

 2

 2-8

 3

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь