Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаинаи худро, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дошт, ба охир расондФутболбозони 16-сола дар бозии охирини санҷишиашон бо ҳамтоёни худ аз Мексика рақобат карда, бо натиҷаи 1:5 шикаст хӯрданд. Голи ягонаи футболбозони тоҷикро Масрур Ғафуров ба нишон расонид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Мексика рӯзи сеюми феврал дар назар буд, аммо бо далели номусоидии ҳаво ва борони шадид дар шаҳри Анталия бозӣ ба рӯзи дигар гузаронда шуд.

Ҳамин тавр, шогирдони Зайниддин Раҳимов дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии худ дар Анталияи Туркия чор бозӣ карданд. Қаблан футболбозони навраси мо ду маротиба бо ҳамсолони худ аз Булғория майдондорӣ карданд. Набарди якум бо натиҷаи мусовии 1:1 ва рақобати дуюм бо ҳисоби 1:2 ба нафъи дастаи мунтахаби ҷавонии Булғория хотим ёфтанд. Дидори сеюми шогирдони Зайниддин Раҳимов  бо дастаи Академияи Краснодар буд, ки  бо натиҷаи 1:4 ба суди ҳарифон поён ёфт.

Бинои ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) фардо, 5-уми феврал, ба шаҳри Мински Белорус парвоз карда, дар он ҷо дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд» ширкат мекунад. Дар мусобиқаи шаҳри Минск дастаи мо дар гурӯҳи худ бо дастаҳои Қирғизистон (7 феврал), Беларус (9 феврал), Озарбойҷон (10 феврал) ва Қазоқистон (12 феврал) вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Зайниддин Раҳимов иштирок дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд”-ро барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 арзёбӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин қабл наврасони мо се маротиба дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд” ширкат варзида буданд. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа низ дастаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь