Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-15) дар бозии дӯстона бар дастаи ҳамин синну сол аз Узбекистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд. Ин бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бозигари дастаи Ӯзбекистон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Азиз Зарифӣ аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард. Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми дастаи Тоҷикистонро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Боз ҳам футболбозони навраси Тоҷикистон ташаббусро ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашумро ба ҳадаф расонд.

Рӯзи ҷумъа, 13 август, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстонаро баргузор хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь