Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Вохӯриҳои ин марҳила дар ин гуруҳ бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Наврасони Тоҷикистон дар бозии якум дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд. Дар даври ниҳоии даври интихобӣ наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода се имтиёз оварданд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Ин даста дар бозӣ бо Муғулистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва аз Тоҷикистон бо натиҷаи 0:2 ноком гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь