Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар ҳамсолони худ аз Уммон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷинӣ бар тимҳои Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) пирӯзӣ ба даст овард.

Наврасони мо бо касби нуҳ имтиёз дар гуруҳи «J» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь