Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Ироқ бозии дӯстона анҷом дод.

Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи “Ал-Файҳ”-и Басраи Ироқ сурат гирифта, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки вомехӯранд. Дар бозии аввал, ки 3-юми августи соли 1999 дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 дар Душанбе баргузор шуда буд, Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд. Голи Тоҷикистонро он вақт Тоҳир Муъминов зада буд. Дастаи мунтахаби Ироқ дар рейтинги FIFA дар зинаи 61-ум қарор дорад ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин радабандӣ 121-ум аст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро 29-уми май баргузор мекунад. Дар ин рӯз шогирдони Усмон Тошев дар Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад дар Шарҷа (АМА) бо дастаи мунтахаби Тайланд бозӣ мекунанд. Вохурии дастаҳо соати 21:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бозии дӯстона

Ироқ – Тоҷикистон – 0:0

Ҳайати Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Довари марказ: Исмоил Ҳабиб Алӣ Исмоил (Баҳрайн).

24 май. Басра, Ироқ. Варзишгоҳи «Ал-Файҳ».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь