Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи бонувони ҷавони то 18-сола доир мегардад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ  аз 11 то 15-уми марти соли равон дар пойтахти кишвар баргузор мегардад, ки дар он чаҳор дастаи мунтахаб ширкат меварзанд. Дар мусобиқа тимҳои милли занонаи ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Мувофиқи низомнома,  чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола дар шакли системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад. Дастае, ки шумораи аз ҳама бештари имтиёзҳоро соҳиб мешавад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Дар умум, дар чаҳорчӯби рақобатҳои мусобиқоти CAFA-2022 шаш бозӣ сурат мегирад. Давомнокии бозиҳо 90 дақиқаро ташкил хоҳад дод. Баргузории ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дастаи духтаронаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи мазкур зери роҳбарии сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов бозӣ мекунад.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум:

11 март (ҷумъа)

14-00 — Узбакистон — Эрон

17-00 — ТОҶИКИСТОН — Қирғизистон

даври 2-юм:

13 март (якшанбе)

14-00 — Қирғизистон — Узбакистон

17-00 — Эрон — ТОҶИКИСТОН».

даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14-00 — Эрон — Қирғизистон

17-00 — ТОҶИКИСТОН — Узбакистон

Ёдовар мешавем, ки имсол ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ миёни бонувон аст, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе гузаронида мешавад. Қаблан, охири моҳи январи соли равон аввалин мусобиқаи футзали бонувони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон дар пойтахти кишвар гузаронида шуда буд. Дар ин мусобиқа тими миллии бонувони Эрон пирӯз шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь