Дирӯз, 15-уми март, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи бонувони ҷавони то 18-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт, ба охир расид. Дастаи мунтахаби бонувони Эрон (U-18) бо ба даст овардани шумораи бештари имтиёзҳо ғолиби мусобиқа гардид.

Футболбозбонувони Эрон дар ҳар се бозии анҷомдодаи худ ғолибият ба даст оварда, бо гирифтани 9 хол дар мусобиқаи CAFA-2022 зинаи якумро ишғол намуданд. Дар даври охирини рақобатҳо дастаи мунтахаби бонувони ҷавони Эрон ҳамтоёни қирғизи худро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Дар бозии дигари давр дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон (U-18) бо натиҷаи бузурги 1 бар 8 аз Узбакистон дучори бохт гардид.

Ҳамин тавр, тими миллии Эрон бо пирӯзӣ дар тамоми рақобатҳо ва соҳиб шудани 9 хол қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби ҷавони занонаи то 18-сола гардид. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Қирғизистон чаҳор имтиёзӣ ба даст оварданд, аммо бо далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо зинаи дуюм насиби футболбозбонувони Узбакистон шуд.

Дастаи мунтахаби футболи бонувони ҷавони то 18-солаи тоҷик дар ҳамаи бозиҳои худ дар чаҳорчӯби мусобиқаи CAFA-2022 мағлуб гардид ва бидуни соҳиб шудани имтиёз зинаи охирини ҷадвали мусобиқаро касб кард. Футболбозбонувони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа 20 гол ба дарвозаи худ сар дода, танҳо як гол ба самар расониданд.

Дар маросими ҷойизасупории мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок доштанд. Футболбозбонуи тими миллии ҷавонони Эрон, Нигин Занди бо задани шаш гол нишонзани беҳтарини мусобиқа гардид.

Бояд гуфт, ки имсол ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ миёни бонувон аст, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе гузаронида мешавад. Дар ҳардуи ин мусобиқа низ дастаи мунтахаби Эрон қаҳрамонӣ ба даст овард.

Қаблан, охири моҳи январи соли равон аввалин мусобиқаи футзали бонувони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон дар пойтахти кишвар доир шуда буд. Дар ин мусобиқа низ пирӯзӣ насиби тими миллии бонувони Эрон гардида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь