Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона ба дастаи Сурия мағлуб шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Федератсия, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бо дастаи мунтахаби Сурия бозии дӯстона анҷом дод.
Вохӯрии футболбозон дар сатҳи баробар ҷараён гирифт ва бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Умар Ал-Сума ба самар расонд.
Ин бози дирӯз, 1-уми июн, дар варзишгоҳи «Ал-Авир» дар Дубай гузашт ва 300 тамошобин дошт.
Блоки рекламавӣ