Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май, Басра) ва Тайланд (29 май, Шарҷа) даъват мешаванд, эълом кард.

Дар маҷмӯъ, ба рӯйхати Тошев 25 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд. Ба даста ҳафт легионер – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев (Бунёдкор, Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир (Нарва Транс, Эстония), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), инчунин ҳамлагарон Шериддин Бобоев (Пенанг, Малайзия) ва Шаҳром Самиев (Динамо-Авто, Молдова) даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода рӯзи 20-уми май дар Душанбе оғоз мекунад. Рӯзи шанбе, 22-юми май, даста тавассути Дубай ба шаҳри Басра барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Ироқ, ки 24-уми май баргузор мешавад, парвоз мекунад. Пас аз бозии дӯстона бо Ироқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба АМА меравад, ки рӯзи 29-уми май дар Шарҷа бо дастаи Таиланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Сипас, дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ду бозии ниҳоӣ дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба Осака (Ҷопон) меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь